1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Созишномаи мазкур тартиби пешниҳоди ҳуқуқ ба истифодаи маҳзани муълумоте, ки иттилооти лозимаро оиди талаботи мавҷуда ба хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонии интиқоли борро дарбар мегирад, муайян менамояд.
1.2. Агар тартиби дигаре бо Шартномаи алоҳидаи Тарафҳо муайян нашуда бошад, созишнома мутобиқи моддаи 490 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” шартномаи ҳамроҳшавӣ буда, ҳангоми додани иҷозати истифодаи барномаҳо барои МЭҲ ба истифодабарандагони оммавӣ, шартнома дар сурате ба таври хаттӣ басташуда ҳисоб меёбад, ки агар шартҳои он (шартҳои истифодаи барнома барои МЭҲ) ба таври лозимӣ дар нусхаҳои барнома барои МЭҲ ифода ёфта бошанд. Шахсе, ки тартиботи бақайдгирии дар созишнома пешбинигардидаро гузаштааст, шартҳои созишномаи мазкурро қабул намуда ҳисоб меёбад.
1.3. Пеш аз он, ки раванди бақайдгириро гузаред, бодиққат бо матни созишнома ва замимаи он шинос шавед. Дар ҳолати норозӣ будан, бо ягон қисм ва ё шартҳо ба Шумо зарур аст, ки аз истифодаи маҳзани маълумотҳо даст кашед.
1.4. Созишнома шартномаи ғайрикомил мебошад ва нисбати он шартҳои моддаи 25, 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” татбиқ карда мешавад.
1.5. Тартиби истифодаи маҳзани маълумотҳо қисми ҷудонопазирӣ созишномаи мазкур мебошад.
1.6. Қабули шартҳои Созишномаи мазкур маънои бо Сиёсати оид ба махфият ҳангоми истифодаи барномаи мобилии “Arzon”, ки дар шабакаи Интернет дар суроғаи https://arzon666.tj/legal ҷойгир карда шудааст, розӣ буданро медиҳад.
2. ПРЕДМЕТИ СОЗИШНОМА
2.1. Мутобиқи шартҳои Созишнома Хадамот ба Шарик ҳуқуқи истифодаи маҳзани маълумотҳо, ки дорои иттилооти лозима оиди талаботҳои мавҷуда ба хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонӣ оид ба интиқоли бор мебошад, бо шартҳои иҷозатномаи ғайрикомил (оддӣ) бо тарзҳои муқаррарнамудаи созишнома медиҳад. Шарик бошад дар навбати худ уҳдадор мешавад, ки ба Хадамот бо тартиб ва ҳаҷми бо созишномаи мазкур ё замима ба он муқаррар гардида, мукофотпулӣ диҳад.
2.2. Дар доираи созишномаи мазкур таҳти маҳзани маълумотҳо сохтори мутташакил, ки дар худ маҷмӯи маводҳо, воситаҳои таъмини техникӣ, барномавӣ ва дастгоҳиро дорост, инчунин усул ва алгоритмҳое (кодҳои барномавӣ), ки алоқамандии унсурҳои маҳзани маълумотҳоро таъмин менамояд ва барои ба низомдарорӣ, нигоҳдошт, коркард ва ҳамли маводҳо мутобиқи алгоритмҳои маҳзани маълумот пешбинӣ гардидан, фаҳмида мешавад. Ба маводҳои маҳзани маълумотҳо ба воситаи барномаи мобилии “Arzon” дастрасӣ ёфтан мумкин аст.
2.3. Фаъолияти Хадамот оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдошт ва банизомдарории иттилоот, ташаккули маҳзани маълумотҳо, инчунин муносибати ҳуқуқӣ дар байни Шарик ва Хадамот оид ба пешниҳоди дастрасӣ ба маҳзани маълумотҳо тибқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” амалигардонида мешавад.
2.4. Иттилооте, ки ба он Шарик дастрасӣ пайдо мекунад, ӯ метавонад аз рӯи диди худ дар доираи қонунгузорӣ истифода барад.
2.5. Маҳзани маълумотҳо аз чунин маводҳо иборат мебошад:
2.5.1. Иттилооти воқеӣ оид ба мавҷудияти талабот ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ;
2.5.2. Иттилооти воқеӣ оид ба мавҷудияти талабот ба интиқоли бору маҳсулот;
2.5.3. Иттилооти воқеӣ оид ба мавҷудияти талабот ба корҳои боркунӣ ва борфарорӣ.
2.6. Маводҳое, ки маҳзани маълумотҳоро ташкил медиҳанд, дорои хосиятҳои зерин мебоошанд:
2.6.1. Иттилоот оид ба мавҷудияти талабот нисбат ба хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ:
- суроғаи маҳалли пешниҳоди автомобил;
- категорияи воситаи нақлиёт;
- суроғаи маҳалли ба охир расидани сафар ё масофаи сафар;
- тарофаи татбиқшаванда;
- нархи сафар;
- маълумот оиди шахсе, ки фармоишро гузоштааст.
2.6.2. Иттилоот оид ба мавҷудияти талабот нисбат ба хизматрасонии интиқоли молу маҳсулот:
- суроғаи маҳалли пешниҳоди автомобил;
- намуди бор;
- суроғаи маҳалли ба охир расидани сафар ё масофаи сафар;
- тарофаи татбиқшаванда;
- нархи сафар;
- маълумот оиди шахсе, ки фармоишро гузоштааст.
2.7. Қаламраве, ки дар он ҳуқуқи истифодаи маҳзани маълумотҳо дода мешавад – Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.8. Дастрасӣ ба маҳзани маълумотҳо ба воситаи аз ҷониби Хадамот пешниҳод намудани барномаи махсус – барномаҳо барои МЭҲ “Arzon” ба амал бароварда мешавад.
2.9. Дар доираи Созишномаи мазкур, амалҳои қаллобонаи Шарик ҳама гуна амал ё беамалии қасдонаи Шарик ба ҳисоб меравад, ки ба саркашӣ аз пардохти ҳаққи хизмат (бонус) ба Хадамот равона шудааст, аз ҷумла:
• ташвиқ намудани муштарӣ (Фармоишгар) барои бекор кардани фармоише, ки тавассути барномаи “Arzon”ё маркази тамос ба расмият дароварда шудааст, ва баъдан расонидани хизмати ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ё бор ба ҳамон муштарӣ (Фармоишгар) берун аз барномаи “Arzon”, бе инъикоси чунин фармоиш дар низоми Хадамот;
• пешниҳод намудан ба муштарӣ барои ба расмият даровардан ё анҷом додани фармоиш бидуни истифода аз барномаи МЭҲ “Arzon”;
• пинҳон намудани маълумот аз Хадамот оид ба хизмати воқеан расонидашуда, ки дар асоси маълумоти тавассути барномаи МЭҲ “Arzon” бадастомада ба вуҷуд омадааст.
3. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР СОМОНАИ ХАДАМОТ
3.1. Барои гирифтани дастрасӣ ба маҳзани маълумотҳо бояд мустақилона ба истифодаи шабакаи интернет дар сомонаи Хадамот ё дар маҳалли ҷойгиршавии Хадамот аз бақайдгирӣ гузашт.
3.2. Бақайдгирӣ дар сомонаи Хадамот маънои пурра ва бечуну чаро ҳамроҳ шудан ва эътироф намудани шартҳои Созишномаи мазкурро дорад.
3.3. Бақайдгирӣ ба воситаи пур кардани шакли махсус дар сомонаи Хадамот ба амал бароварда мешавад. Дар раванди бақайдгирӣ Хадамот метавонад барои тасдиқи дурустии маълумотҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро талаб намояд.
3.4. Бақайдгирӣ аз тарафи Хадамот ва аз диди ӯ ба амал бароварда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои барои бақайдгирӣ зарурӣ маънои ҳатман бақайдгирифтанро надорад.
3.5. Раванди бақайдгирӣ бо додани рақами мушаххаси истифодабаранда (логин) ва рамз, ки барои дастрасӣ ба маҳзани маълумотҳо зарур аст, ба анҷом мерасад. Рақами мушаххаси истифодабаранда ва рамз аз ҷониби Хадамот ба рақами телефони мобилии дар рафти бақайдгирӣ нишондодашуда равон карда мешавад.
3.6. Маълумотҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатҳо комилан бо мақсади бақайдгирӣ ва санҷиши дурустии иттилоотҳои пешниҳодгардида талаб карда мешаванд ва баъди ба анҷом расидани раванди бақайдгирӣ нигоҳ дошта намешаванд.
3.7. Хадамот чунин маълумоҳоро оид ба шахсони дар сомонаи Хадамот бақайдгирифта, ки маълумотҳои инфиродӣ намебошанд, нигоҳ медорад ва истифода мебарад:
3.7.1. Тахаллуси (Псевдоним) истифодабаранда (ник) — дилхоҳ калима ва ё маҷмӯи ҳарфҳое, ки дар вақти бақайдгирӣ аз ҷониби худи Шарик нишон дода шудааст, ки он аз ҷониби Хадамот таҳрир карда намешавад;
3.7.2. Рақами мушаххаси (логин) истифодабаранда;
3.7.3. Тамға, ранг ва рақами бақайдгирии давлатии автомобил;
3.7.4. Рақами телефони мобилии дар вақти бақайдгирӣ нишондода шуда.
3.8. Худро дар сомонаи Хадамот ба қайд гирифта Шарик розигии худро ба гирифтани хабарҳои маълумотӣ, инчунин маълумоти рекламавӣ бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо телефони мобилӣ, ба воситаи хабар аз интернет-мессенджерҳо (Viber, WhatsApp, Telegram ва ғайраҳо) бо мақсадҳо ва ҳолатҳое, ки қонунгузории реклама чунин розигиро талаб мекунад, медиҳад.
4. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХАДАМОТ
4.1. Барои пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи маҳзани маълумотҳо Шарик уҳдадор мешавад, ки дар ҳаҷм ва шартҳои муқарраргардидаи Тарофаи Хадамот ҳаққи хизматрасониро пардохт намояд.
5. КАФОЛАТҲОИ ХАДАМОТ
5.1. Хадамот кафолат медиҳад, ки:
5.1.1. Ӯ барои иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба Созишномаи мазкур мазкур ҳуқуқҳои кофӣ дорад;
5.1.2. Аз ҷониби тарафҳо иҷро намудани уҳдадориҳои худ оид ба Созишнома ҳуқуқҳои шахсони сеюмро вайрон намекунад;
5.1.3. Бо шахсони дигар дар муносибаҳои ҳуқуқие намебошад, ки барои аз ҷониби Шарик истифода бурдани маҳзани маълумотҳо халал расонад;
5.1.4. Ягон амал ё беамалиеро содир накардааст ё намекунад, ки аз ҷониби Шарик истифода бурдани маҳзани маълумотҳоро ғайриимкон мегардонад.
6. ТАРТИБ ВА РОҲҲОИ ИСТИФОДАИ МАҲЗАНИ МАЪЛУМОТҲО
6.1. Шарик маҳзани маълумотҳоро бо чуннин тарзҳо истифода бурда метавонад:
6.1.1. Пайдо намудани иттилоот аз маҳзани маълумотҳо ва истифода бурдани он барои фаъолияти хизматрасонӣ, аз ҷумла пешниҳоди дастрасӣ ба иттилооти номбаршуда ба шахсони сеюм (коргарони худ, контрагент ва ғайраҳо);
7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
7.1. Хадамот ҳуқуқ дорад:
7.1.1. Аз Шарик истифодаи маҳзани маълумотҳоро бо тартиб ва усули пешбинӣ намудаи Созишнома талаб намояд;
7.1.2. Созишнома оиди истифодаи маҳзани маълумотҳоро бо дигар шахсон, аз ҷумла бо шахсоне, ки дар қаламрави Шарик фаъолият мебурда кор мекунанд;
7.1.3. Дастрасии Шарикро ба маҳзани маълумотҳо дар сурати аз ҷониби ӯ вайрон кардани шарт ва муҳлати пардохти мукофотпулии Хадамот то пардохти он боздорад;
7.1.4. Дастрасии Шарикро ба маҳзани маълумотҳо ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки ғайриқонунӣ истифода бурдани иттилооти дар маҳзани маълумотҳо ҷойдоштаро тасдиқ мекунад, боздорад.
7.1.5. Дар сурати аз ҷониби Шарик вайрон намудани шартҳои Созишномаи мазкур, аз ҷумла содир намудани амалҳои қаллобонае, ки дар банди 2.9 Созишнома пешбинӣ шудаанд, дастрасии Шарикро ба барномаи МЭҲ “Arzon” маҳдуд (блок) намояд ва ҳуқуқи истифодаи маълумотро бе огоҳии пешакӣ муваққатан боздорад ё пурра қатъ намояд.
7.1.6. Дар сурати аз ҷониби Шарик напардохтани комиссия, ҷаримаи дар банди 8.2 Созишнома пешбинишуда ё дигар қарздорӣ дар назди Хадамот, Хадамот ҳуқуқ дорад маблағи дахлдорро аз ҳисоби (баланси) Шарик дар низоми Хадамот, инчунин аз маблағҳои пулие, ки ба Шарик тааллуқ дошта, аз ҷониби Хизматрасонӣ нигоҳ дошта мешаванд, бо тартиби беакцептӣ (бебаҳсӣ), бе гирифтани розигии иловагии Шарик, аз ҳисоб барорад.
7.2. Хадамот уҳдадор аст:
7.2.1. Таъмин намудани кори бефосила ва мунтазами маҳзани маълумотҳо дар тамоми давраи амали Созишнома.
7.3. Шарик ҳуқуқ дорад:
7.3.1. Маҳзани маълумотҳоро бо тартиб ва усулҳои пешбинӣ намудаи Созишномаи мазкур истифода барад;
7.3.2. Аз Хадамот ба таври фаврӣ бартараф намудани нуқсонҳое, ки барои исифодаи маҳзани маълумотҳо халал мерасонад, талаб намояд.
7.4. Шарик уҳдадор мешавад:
7.4.1. Ба Хадамот тибқи тартиби муқарраргардида мукофотпулӣ пардохт намояд.
7.4.2. Амалҳои қаллобонаи дар банди 2.9 Созишномаи мазкур пешбинишударо, ки ба саркашӣ аз пардохти комиссия ба Хадамот равона шудаанд, содир нанамояд, аз ҷумла бо мувофиқа бо муштарӣ бекор намудани фармоише, ки тавассути барномаи МЭҲ “Arzon” ба расмият дароварда шудааст, ва баъдан мустақилона (инфиродӣ) берун аз барномаи МЭҲ “Arzon” ба ҳамон муштарӣ хизматрасонӣ намудан.
7.4.3. Дар бораи ҳолатҳои ба ӯ маълумгардидаи содир намудани чунин амалҳо аз ҷониби дигар шарикон ва/ё муштариён ба Хадамот фавран, вале на дертар аз 1 (як) рӯзи корӣ, хабар диҳад.
7.5. Шарик ба Хадамот оиди корҳои иҷро намудааш ва истифодаи маҳзани маълумотҳо ҳисобот пешниҳод наменамояд.
8. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
8.1. Барои вайрон кардани шартҳои Шартномаи мазкур Тарафҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
8.2. Дар сурати аз ҷониби Шарик вайрон намудани уҳдадории дар банди 7.4.2 Созишномаи мазкур пешбинишуда (содир намудани амалҳои қаллобона, ки ба саркашӣ аз пардохти комиссия ба Хадамот равона шудаанд), Шарик уҳдадор аст ба Хадамот барои ҳар як ҳолати ошкоршудаи чунин қонуншиканӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима пардохт намояд, илова бар маблағи комиссияи пардохтнашуда, ки бояд пурра рӯёнда шавад.
8.3. Пардохти ҷаримаи дар банди 8.2 Созишнома пешбинишуда Шарикро аз уҳдадории ҷуброни зарарҳои ба Хадамот расонидашуда дар қисме, ки бо маблағи ҷарима пӯшонида нашудаанд, озод намекунад, инчунин Хадамотро аз ҳуқуқи маҳдуд (блок) намудани дастрасии Шарик мутобиқи банди 7.1.5 Созишнома маҳрум намесозад.
8.4. Маблағи ҷаримаи дар банди 8.2 Созишнома пешбинишуда, инчунин маблағи комиссияи пардохтнашуда метавонанд аз ҷониби Хадамот аз ҳисоби (баланси) Шарик бо тартиби беакцептӣ (бебаҳсӣ) мутобиқи банди 7.1.6 Созишномаи мазкур аз ҳисоб бароварда шаванд.
9. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
9.1. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки барои бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи баҳсҳо ва нофаҳмиҳое, ки аз Созишнома бармеоянд ҳамаи чораҳоро андешанд.
9.2. Муҳлати ҷавоб ба иддао ва муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки барои ба таври осоишта ҳал намдани баҳсҳо ва нофаҳмиҳо равона шудааст, на бояд аз 7 (ҳафт) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани чунин иддао ва пайдоиши зарурият оид ба пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо зиёд бошад.
9.3. Агар Тарафҳо оид ба баҳсҳо ва нофаҳмиҳои ба миён омада бо роҳи гуфтушунид ба созиш наоянд, онҳо метавонанд ба суд дар маҳалли ҷойгиршавии Хадамот муроҷиат намоянд.
10. МУҚАРРАРОТҲОИ МАХСУС
10.1. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур ба Шарик ҳуқуқи комил ба маҳзани маълумотҳоро намедиҳад.
10.2. Тартиби истифодаи маҳзани маълумотҳо қисми ҷудонопазири Созишномаи мазкур мебошад.
10.3. Шартҳои созишномаи мазкур ба ҳамаи он шахсоне, ки раванди бақайдгириро дар сомонаи Хадамоти фармоишӣ гузаштаанд, дахл дорад. Дар ҳолати бастани Шартномаи алоҳида байни Тарафҳо, нисбати муносибати ҳуқуқии тарафҳо шартҳои чунин Шартнома амал мекунад.