1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Ҳуҷҷати мазкур ба ҳамаи шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷа ва шахсони бешаҳрванд), ки минбаъд “Фармоишгар” номида мешаванд, равона карда шуда, пешниҳоди расмии хадамоти фармоишии таксӣ “Арзон”, ки минбаъд дар матн “Хадамот” номида мешавад, мебошад ва дорои тамоми шароитҳо барои пешниҳоди хизматрасонии иттилоотии ба ворид намудани фармоиши Фармоишгар ба маҷмӯи дастгоҳ-барномаи “Arzon”, хабардор намудани Фармоишгар оиди иҷроиши фармоиш равона карда шуда, мебошад.
1.2. Мутобиқи моддаи 503 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур офертаи оммавӣ мебошад. Фармоиши воситаи нақлиёт ба воситаи Хадамот бо дилхоҳ тарзи дар офертаи мазкур оварда шуда аксепт (қабулкунӣ) мебошад, ки он ба бастани шартнома бо шартҳои дар он оварда шуда баробар мебошад. Офертаи оммавӣ дар сомонаҳои расмӣ дар шабакаи Интернет https://arzon666.tj ва замимаи мобилии “Arzon” ҷойгир карда шудааст.
1.3. Шартҳои офертаи оммавии мазкурро қабул намуда, Фармоишгар ҳамчунин бо Сиёсати Хадамот оид ба коркарди маълумотҳои махфӣ, ки дар суроғаҳои https://arzon666.tj/legal ҷойгир карда шуда, розӣ мешавад.
1.4. Фармоишгар бояд бо матни офертаи мазкур бодиққат шинос шавад. Дар ҳолати норозӣ будани Фармоишгар бо ягон шарти он, ба ӯ пешниҳод карда мешавад, ки аз хизматрасонии Хадомот истифода набарад.
1.5. Мафҳумҳои асосии истифодашаванда бо мақсади иҷроиши шартҳои офертаи оммавии мазкур:
1.5.1. Хизматрасониҳо – хизматрасониҳои иттилоотӣ оид ба қабул, коркард ва пешниҳоди фармоиш ба Шарик ва хабардоркунии Фармоишгар оид ба иҷрои фармоиш равона гардида. Хадамот ба Фармоишгар хизматрасониро оид ба интиқол ё дигар хизматрасониҳои нақлиётӣ пешкаш намекунад.
1.5.2. Фармоиш – фармоиши хизматрасонии аз ҷониби Шарик иҷрошавандае, ки ба воситаи низом коркард мешавад.
1.5.3. Шарики Хадамот – соҳибкори инфиродие, ки тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифта шудааст, бо қувваи худ ба Фармоишгар оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷ, ҳамлу нақли бор хизматрасониро амалӣ менамояд.
1.5.4. Утоқи шахсӣ – саҳифа дар сомонаи расмии Хадамот, ки он дорои иттилооти оморӣ оид ба андозаи хизматҳои расонида шуда ва ҳолати ҷории суратҳисоби Фармоишгар мебошад. Барои бақайдгирии утоқи шахсӣ ҳадди ақал рақами абонентии Фармоишгар бояд пешниҳод карда шавад.
1.5.5. Суратҳисоби шахсӣ – суратҳисобе мебошад, ки дар он пешпардохтҳои Фармоишгар ва маблағҳои аз пардохтҳои мазкур боздоштшуда ба сифати пардохти хизматрасониҳо нишон дода мешаванд. Суратҳисоби шахсӣ дорои рақами ягона буда, аз ҷониби Хадамот тартиб дода мешавад.
1.5.6. Мувозинаи суратҳисоби шахсӣ – фарқият дар байни маблағи ба суратҳисоб воридгардида ва аз он боздоштшуда.
1.5.7. Фармоишгар – шахсе, ки ба воситаи Хадамот хизматрасонии интиқолиро фармоиш медиҳад.
1.5.8. Хатсайр – масири ҳаракати воситаи нақлиёт дар байни нуқтаи сафар ва нуқтаи ниҳоии он.
1.5.9. Фармоиши пешакӣ – фармоиши хизматрасонӣ, ки на камтар аз 60 дақиқа пеш аз имкони ҳозиршавии воситаи нақлиёт дар вақти нишондодаи Фармоишгар қабул карда мешавад.
1.5.10. Фармоиши ҷорӣ – фармоише, ки ҳозиршавии ҳарчи зудтари воситаи нақлиётро пешбинӣ менамояд.
1.5.11. Барномаи мобилӣ – барнома барои мошинаи электронии ҳисоббарори ба дастгоҳи мобилии Фармоишгар насбшаванда ва ба маҷмӯи дастгоҳ-барнома ҳамгиро гардида, ки имконияти автоматикунонии раванди ташаккули фармоишот ба воситаи шабакаи интернетро медиҳад.
1.5.12. Ҳолатҳои форс-мажор – ҳолатҳои фавқулода ва дар шароити мавҷуда пешгиринашавандае мебошанд, ки берун аз назорати оқилонаи Тарафҳо қарор доранд, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешаванд: офатҳои табиӣ, садамаҳо дар низомҳои таъмини нерӯи барқ ва алоқа, амал ё беамалии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амалиёти ҳарбӣ, бетартибиҳои оммавӣ, эпидемияҳо ва дигар ҳолатҳои шабеҳи онҳо.
1.6. Хадамот ҳуқуқ дорад шартҳои офертаи мазкурро бе мувофиқаи пешакӣ бо Фармоишгар якҷониба тағйир диҳад, пурра намояд ё бекор (бозхонд) кунад, бо ҷойгир намудани таҳрири нави он дар Сомона ва/ё Барномаи мобилӣ. Истифодаи минбаъдаи хизматрасонӣ аз ҷониби Фармоишгар пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйирот маънои розигии пурра ва бечунучарои ӯро бо таҳрири нави оферта дорад.
1.7. Фармоишгар бо акцепти офертаи мазкур тасдиқ ва кафолат медиҳад, ки ба синни 18 (ҳаждаҳ) расидааст ё ба синне расидааст, ки мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда мустақилона бастани чунин аҳдҳо иҷозат дода мешавад, дорои қобилияти пурраи амал (қобилияти ҳуқуқӣ) буда, ҳуқуқи бастани шартномаи мазкурро дорад.
2. МАТЛАБИ ОФЕРТА
2.1. Хадамот ба тариқи ройгон ба Фармоишгар хизматрасонии иттилотиро оид ба ворид намудани фармоиш ба маҷмӯи дастгоҳ-барнома ва хабардоркунии Фармоишгар оиди иҷрои фармоишот, мерасонад. Хадамот ташкилоти нақлиётӣ намебошад, ба Фармоишгар мустақилона хизматрасонии интиқоли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонии ҳамлу нақли бор ё дигар хизматрасонии нақлиётиро пешкаш намекунад, танҳо оператор буда, ба Шарик фармоишотро дастрас мекунад.
2.2. Хадамот ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ дастрасии Фармоишгарро ба хизматрасонӣ муваққатан боздорад, маҳдуд намояд ё пурра қатъ кунад, аз ҷумла бе огоҳии пешакӣ, дар ҳолатҳои зерин:
• аз ҷониби Фармоишгар вайрон намудани шартҳои офертаи мазкур;
• сӯиистифода аз имкониятҳои функсионалии хизматрасонӣ (аз ҷумла чандин маротиба ба расмият даровардан ва баъдан беасос бекор кардани фармоишҳо, инчунин даъватҳои бардурӯғ);
• аз ҷониби Фармоишгар пешниҳод намудани маълумоти баръало нодуруст;
• рафтори таҳқиромез, ғайриқонунӣ ё дигар амалҳое, ки ба амнияти Шарик, кормандони Хадамот ё дигар шахсон таҳдид мекунанд.
3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНӢ
3.1. Қабул (аксепт) намудани шартҳои офертаи мазкур аз ҷониби Фармоишгар бо ҳар роҳи дастрас бо мақсади фармоиши воситаи нақлиёт ба Хадамот муроҷиат намудан, амалигардонида мешавад.
3.2. Фармоишгар барои мазмун ва дурустии иттилооте, ки ҳангоми ҷойгир намудани фармоишот пешниҳод намудааст, ҷавобгар мебошад.
3.3. Баъди ҷойгир намудани фармоишот маълумотҳо оиди Фармоишгар дар базаи иттилоотҳои Хадамот ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотҳо оиди Фармоишгар бе розигии ӯ тағйир ва ё таҳрир карда намешаванд.
3.4. Хадамот ба таври ройгон фармоишро ба комплекси дастгоҳ-барнома ҷойгир мекунад ва ба Шарик дастрасӣ ба иттилоотро пешниҳод мекунад, дар навбати худ Шарик фармоишро интихоб намуда оиди интихоби худ ба Хадамот хабар медиҳад ва вақти ҳозиршавӣ тибқи фармоиши интихобгардидаро нишон медиҳад. Дар баробари ин Хадамот танҳо фармоиши ба комплекси дастгоҳ-барнома ворид намударо кафолат медиҳад. Барои амалигардонии интиқол Шарик ҷавобгар мебошад.
3.5. Хадамот ба Фармоишгар оиди ҳозиршавии воситаи нақлиёт бо нишондодани тамға, модел, ранг ва рақами давлатии он хабар медиҳад.
3.6. Хадамот метавонад фармоишҳои пешакиро оиди пешкаш намудани воситаи нақлиёт қабул намояд. Барои саривақт пешкаш намудани воситаи нақлиёт Шарике, ки қаблан оиди фармоиши пешакӣ аз ҷониби Хадамот огоҳ гардидааст, ҷавобгӯ мебошад. Дар чунин ҳолат пешкаш намудани воситаи нақлиёт кафолат дода намешавад.
3.7. Хадамот ҳуқуқ дорад, ки аз хизматрасонӣ ба Фармоишгаре, ки ба шартҳои офертаи мазкур норозигӣ баён намудааст, бе тавзеҳи сабабҳои рад, даст кашад.
3.8. Бо мақсади назорати дохилии фаъолияти Хадамот ва назорати сифати иҷрои фармоишот суҳбатҳои телефонии Фармоишгар ва Хадамот сабт карда мешаванд.
3.9. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, инчунин таъмини ҳамкории фаврӣ дар байни Фармоишгар ва Шарик, Фармоишгар метавонад оиди аз ҷониби Шарик поймол намудани ҳуқуқҳои худ ба Хадамот бо истифода аз алоқаи баръакси электронӣ ё ба таври хаттӣ дар маҳалли ҷойгиршавии Хадамот муроҷиат намояд. Дар чунин ҳолат Хадамот ба Шарик оиди аз ҷониби Фармоишгар ворид шудани иддао хабар медиҳад, ҳамчунин ба Шарик рақами телефони Фармоишгар ва моҳияти иддаоро пешкаш менамояд. Батанзимдарории минбаъдаи низоъ дар байни Фармоишгар ва Шарик бе иштироки Хадамот ба амал бароварда мешавад. Мазмуни банди мазкур маънои онро надорад, ки Хадамот ба зиммаи худ ягон хел уҳдадориро вобаста ба ҷуброни зарар дар шакли моддӣ ва маънавӣ намегирад. Хадамот танҳо хадамоти фармоиши таксӣ буда, муассисаи мусофиркашонӣ намебошад.
3.10. Ҳангоми ҷамъ ва коркарди маълумотҳои шахсии Фармоишгар Хадамот меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Сиёсати Хадамот оид ба коркарди маълумотҳои махфиро ба роҳбарӣ мегирад.
3.11. Дар ҳолати пайдошавии саволҳо аз ҷониби Фармоишгар, ки ба хусусиятҳои хизматрасонӣ вобаста мебошанд, ба ӯ зарур аст, ки пеш аз ҷойгир намудани фармоиш барои машварат ба мутахассиси Хадамот муроҷиат намояд.
3.12. Дар сурати аз ҷониби Фармоишгар чандин маротиба беасос бекор намудани фармоишҳои пешакӣ ва/ё ҷорӣ (аз ҷумла пас аз тасдиқи фармоиш аз ҷониби Шарик ва расидани воситаи нақлиёт), Хадамот ҳуқуқ дорад имконияти ба расмият даровардани фармоишҳоро тавассути хизматрасонӣ барои Фармоишгар муваққатан ё доимӣ маҳдуд намояд, инчунин нисбат ба Фармоишгар чораҳои дар банди 6.8 офертаи мазкур пешбинишударо татбиқ кунад.
3.13. Хадамот фаъолияти бефосила, беғалат ва шабонарӯзии маҷмааи барномавию техникӣ ва Барномаи мобилӣ-ро кафолат намедиҳад ва барои муваққатан дастнорас гардидани хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи носозиҳои техникӣ, корҳои профилактикӣ ва танзимӣ, амалҳои шахсони сеюм (аз ҷумла операторони алоқа ва провайдерҳои хостинг) ё ҳолатҳои қувваи рафънопазир (форс-мажор) ба вуҷуд омадааст, масъулият надорад.
3.14. Ҳуқуқҳои истисноӣ ба маҷмааи барномавию техникӣ, Барномаи мобилӣ, сомонаи https://arzon666.tj , тамғаи молӣ/номи тиҷоратии «Арзон», тарҳ (дизайн), рамзи барномавӣ, пойгоҳҳои додаҳо ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ҳангоми расонидани хизматҳо истифода мешаванд, ба Хадамот тааллуқ доранд ё аз ҷониби он дар асоси иҷозатнома (литсензия) қонунӣ истифода мешаванд. Ҳар гуна такрористеҳсол, нусхабардорӣ, тағйирдиҳӣ, декомпилятсия ё истифодаи дигари объектҳои мазкур бе розигии пешакии хаттии Хадамот манъ буда, мутобиқи қонунгузории амалкунанда боиси ҷавобгарӣ мегардад.
4. УҲДАДОРИИ ХАДАМОТ
4.1. Фармоиши Фармоишгарро ба таври ройгон ба комплекси барнома-дастгоҳ дохил намояд ва Фармоишгарро оиди иҷрои фармоиш хабардор намояд.
4.2. Фармоишгарро оиди ҳолатҳои дер мондани маҷбурии воситаи нақлиёт хабардор намояд.
4.3. Фармоишгарро оиди ҳолатҳои ғайриимкон будани пешниҳоди воситаи нақлиёт хабардор намояд.
4.4. Саривақт кӯшиши дастрасии беиҷозатро ба иттилооте, ки аз ҷониби Фармоишгар пешниҳод мешавад ва/ё пешниҳоди онро ба шахсоне, ки ба иҷрои фармоиш муносибати бевосита надоранд, пешгирӣ намояд.
4.5. Рӯйхати уҳдадориҳои Хадамот, ки дар ҳамин фасл пешбинӣ шудаанд, пурра (ниҳоӣ) буда, ба таври тавсеавӣ шарҳ дода намешаванд. Уҳдадориҳои Хадамот танҳо бо расонидани хизматҳои иттилоотӣ маҳдуд гардида, кафолати аз ҷониби Шарик воқеан иҷро намудани хизматҳои ҳамлу нақлро дар бар намегиранд.
5. УҲДАДОРИИ ФАРМОИШГАР
5.1. Хизматрасониро бо назардошти вақте, ки бояд воситаи нақлиёт ҳозир шавад, фармоиш диҳад.
5.2. Шумораи ҷойҳои нишаст ва ҳаҷми бағоҷ, ҳамчунин муҷаҳазонидани воситаи нақлиётро бо дастгоҳ барои нишасти кӯдакон ба назар гирад.
5.3. Рақами телефони Фармоишгар, вақт ва суроғаи пешниҳоди воситаи нақлиёт, намуди воситаи нақлиёт, хатсайри сафар, шартҳои дархостшавандаи ҳамлу нақлро хабар диҳад.
5.4. Воситаи нақлиёти пешниҳод гардидаро бо мақсад истифода намояд.
5.5. Тозагӣ ва тартиботро дар тамоми давраи сафар дар хатсайр дар воситаи нақлиёт таъмин намояд.
5.6. Ба Хадамот ва/ё Шарик маълумоти баръало бардурӯғ, нопурра ё носаҳеҳ пешниҳод накунад; амалҳое анҷом надиҳад, ки ба фаъолияти муқаррарии маҷмааи барномавию техникӣ ва Барномаи мобилӣ халал мерасонанд; инчунин хизматрасониро бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода набарад.
5.7. Зарарҳои ба Шарик ва/ё Хадамот расонидашударо, ки дар натиҷаи ифлос шудани дохили воситаи нақлиёт, вайроншавӣ ё осеб дидани воситаи нақлиёт ё дигар молу мулки Шарик бо гуноҳи Фармоишгар ё шахсони ҳамроҳикунандаи ӯ ба вуҷуд омадаанд, пурра ҷуброн намояд.
6. АМАЛИГАРДОНИИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ ДАР БАЙНИ
ФАРМОИШГАР ВА ШАРИК
6.1. Хадамот ба Фармоишгар хизматрасоние, ки матлаби он дар офертаи мазкур муайян шудааст, ба таври ройгон пешниҳод менамояд.
6.2. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонӣ оид ба интиқоли бор бевосита дар байни Фармоишгар ва Шарик ба амал бароварда мешавад. Хадамот ба Фармоишгар оиди нархи хизматрасонӣ хабар медиҳад. Нарх дар асоси тарофаи нисбати Шарик татбиқшавандае, ки фармоишотро барои иҷро қабул намудааст, муайян карда мешавад. Хабардоркунии Фармоишгар оид ба нархи ниҳоии хизматрасонӣ аз он шаҳодат намедиҳад, ки хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақл аз ҷониби Хадамот пешниҳод карда мешавад.
6.3. Шакли амалигардонии ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонӣ оид ба интиқоли бор бевосита дар байни Фармоишгар ва Шарик бе иштироки Хадамот ба амал бароварда мешавад.
6.4. Хадамот ба Фармоишгар ва Шарик оид ба шакл ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонии интиқоли бор ягон хел тавсия ё супориш намедиҳад.
6.5. Дар сурати аз ҷониби Фармоишгар тағйир додани андозаи хизматрасонии ниқлиётии дархостшуда (тағйири самти сафар, аз ҷониби Шарик ба Фармоишгар расонидани хизматрасонии иловагии музднок ва ғайраҳо) нархи хизматрасонӣ аз нав ҳисоб карда мешавад.
6.6. Фармоишгар ва Шарик ҳуқуқ доранд шаклҳои дигари ҳисоббаробаркуниро барои хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли бор, аз ҷумла пардохти хизматрасониро бо маблағи пулии нақдӣ ё ғайринақдӣ ва дигар воситаҳое, ки ба қонунгузории амалкунанда мухолиф намебошанд, мувофиқа намоянд.
6.7. Шарик барои пешниҳоди хизматрасониҳои иловагии зерин ҳуқуқ дорад, пардохти иловагиро муқаррар намояд:
6.7.1. Аз лаҳзаи хабардор намудани Фармоишгар оиди ҳозир шудани автомобил зиёда аз 5 дақиқа интизор гардидан;
6.7.2. Кашонидани бору маҳсулоти калонҳаҷм дар бағоҷи воситаи нақлиёт.
6.8. Шарик ҳуқуқ дорад, ки барои аз сафар даст кашидани Фармоишгар баъди ҳозир шудани автомобил ба суроғаи нишондодаи Фармоишгар, ноустуворонаро муқаррар намояд.
6.9. Хадамот ба Фармоишгар оиди тарофаи муайян намудаи Шарик барои пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва ноустуворона хабар медиҳад. Дар баробари ин, ҳисоббаробаркунӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва пардохти ноустуворона бевосита бо Шарик дар он шакле, ки Фармоишгар ва Шарик тасдиқ менамоянд, ба амал бароварда мешавад.
6.10. Хадамот дар ҳисоббаробаркуниҳои байни Фармоишгар ва Шарик иштирок намекунад, тарафи муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба хизматрасонии ҳамлу нақл намебошад, маблағҳои пулиро барои хизматҳои расонидашуда оид ба ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор қабул, нигоҳдорӣ ё дар суратҳисобҳои худ ҷамъ намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи қабул (агрегатсия)-и пардохтҳо бевосита дар созишномаи алоҳида байни Хадамот, Шарик ва/ё Фармоишгар пешбинӣ гардидааст.
7. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
7.1. Тарафҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои худ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
7.2. Хадамот барои танаффуси хизматрасонӣ дар ҳолати аз кор баромадани таъминоти барномавӣ ё таҷҳизоте, ки ба Хадамот тааллуқ надорад, ҷавобгӯ намебошад.
7.3. Хадамот барои пурра ё қисман қатъ гардидани хизматрасонӣ, ки бо ивази дастгоҳ, таъминоти барномавӣ ё гузаронидани дигар корҳо, ки барои нигоҳдошти қобилияти корӣ ва инкишофи воситаҳои техникии Хадамот вобаста мебошанд, ҷавобгар намебошад.
7.4. Хадамот барои зарари бевосита, фоидаи аз даст рафта, ки Фармоишгар дар натиҷаи истифодаи хизматрасонӣ дидааст, ҷавобгар намебошад.
7.5. Хадамот барои аз ҷониби Шарик иҷро накардани уҳдадориҳои худ ҷавобгар намебошад.
7.6. Хадамот барои сифат, бехатарӣ, қонунӣ будан ва саривақт расонидани хизматҳои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор аз ҷониби Шарик, ҳолати техникии воситаи нақлиёт, мавҷудияти иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар назди Шарик, инчунин барои ҳама гуна амал ё беамалии Шарик дар раванди расонидани хизматҳои нақлиётӣ масъулият надорад.
7.7. Бо дарназардошти он ки хизматҳои иттилоотӣ аз ҷониби Хадамот ба Фармоишгар бе подош (ройгон) пешниҳод карда мешаванд, масъулияти умумии Хадамот дар назди Фармоишгар аз рӯи ҳама гуна талабот, ки мустақиман ё ғайримустақим бо истифодаи хизматрасонӣ алоқаманд мебошанд, бо ҳадди ниҳоии андозае маҳдуд карда мешавад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад.
7.8. Хадамот дар ҳеҷ ҳолат барои зарарҳои ғайримустақим, фоидаи аздастрафта, зарари обрӯӣ, маънавӣ ё дигар зарари ғайримоддӣ, инчунин барои зарарҳое, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ (беамалии) шахсони сеюм, аз ҷумла Шарик, ба вуҷуд омадаанд, масъулият надорад.
7.9. Хадамот дурустӣ, саҳеҳӣ ва пуррагии маълумоти аз ҷониби Фармоишгар ва/ё Шарик ба ҳамдигар ва/ё ба Хадамот пешниҳодшударо санҷида, барои он масъулият намепазирад.
7.10. Фармоишгар уҳдадор мешавад зарарҳои ба Хадамот расонидашударо пурра ҷуброн намояд (аз ҷумла хароҷоти судӣ), ки Хадамот вобаста ба пешниҳод гардидани талабот ва/ё даъвоҳои шахсони сеюм нисбат ба он ба вуҷуд овардааст, агар чунин талабот ва/ё даъвоҳо дар натиҷаи аз ҷониби Фармоишгар вайрон намудани шартҳои офертаи мазкур ва/ё талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба миён омада бошанд.
8. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
8.1. Баҳсҳо ва ихтилофотҳои бо иҷрои офертаи оммавии мазкур вобаста бударо, Тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мекунанд.
8.2. Дар ҳолати имконнопазирии ҳалли баҳсҳо бо роҳи гуфтушунид, баҳсҳо тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
8.3. Тартиби то судии (даъвоии) танзими баҳсҳо ҳатмӣ мебошад. Даъво бояд дар шакли хаттӣ ирсол карда шуда, аз ҷониби Хадамот дар давоми 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани он баррасӣ карда шавад.
8.4. Дар сурати ба мувофиқа нарасидани тарафҳо бо тартиби даъвоӣ, баҳс бояд дар суд аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии Хадамот баррасӣ карда шавад, агар тобеияти ҳудудии дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ муқаррар нашуда бошад.
9. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС
9.1. Шартҳои офертаи оммавии мазкурро қабул намуда, Фармоишгар барои гирифтани ахбороти иттилоотӣ, инчунин иттилооти рекламавии (аз ҷумла бо роҳи хабар ба воситаи интернет-мессенҷерҳо Viber, WhatsApp, Telegram ва ғайраҳо) ба воситаи шабакаҳои алоқа паҳн шаванда, ки бо мақсад ва ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, гирифтани розигӣ зарур мебошад, розигии худро баён мекунад.
9.2. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳар вақт розигии мазкурро барои гирифтани паёмҳои иттилоотӣ ва рекламавӣ бозхонд намояд, бо ирсоли огоҳиномаи дахлдор ба Хадамот тавассути воситаҳои алоқаи баргаштӣ, ки дар Сомона нишон дода шудаанд.
10. ҲОЛАТҲОИ ФОРС-МАЖОР
10.1. Тарафҳо аз ҷавобгарӣ барои пурра ё қисман иҷро накардани уҳдадориҳо тибқи офертаи мазкур озод карда мешаванд, агар чунин иҷро накардан дар натиҷаи ҳолатҳои қувваи рафънопазир (форс-мажор), ки дар банди 1.5.12 офертаи мазкур муайян шудаанд, ба вуҷуд омада бошад ва ин ҳолатҳо пас аз акцепти оферта ба вуҷуд омада, берун аз назорати оқилонаи Тарафҳо қарор дошта бошанд.
10.2. Тарафе, ки барои он дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажор иҷро намудани уҳдадориҳо ғайриимкон гардидааст, ӯҳдадор аст дар муҳлати оқилона Тарафи дигарро бо усули дастраси алоқа дар бораи чунин ҳолат огоҳ намояд.
11. МУДДАТИ АМАЛ ВА ТАРТИБИ ТАҒЙИР ДОДАНИ ОФЕРТА
11.1. Офертаи мазкур аз лаҳзаи акцепти он аз ҷониби Фармоишгар (анҷом додани амалҳои дар банди 3.1 пешбинишуда) мавриди амал қарор мегирад ва то иҷрои пурраи уҳдадориҳои Тарафҳо ё то бозхонди оферта аз ҷониби Хадамот амал мекунад.
11.2. Хадамот ҳуқуқ дорад офертаро пурра ё қисман ҳар вақт бо салоҳдиди худ ва бидуни шарҳи сабабҳо бозхонд намояд, ки ин ба эътибори фармоишҳое, ки то лаҳзаи чунин бозхонд ба расмият дароварда шудаанд, таъсир намерасонад.
11.3. Тағйирот ва иловаҳо ба оферта аз лаҳзаи нашри онҳо дар Сомона ва/ё Барномаи мобилӣ мавриди амал қарор мегиранд, агар муҳлати дигари мавриди амал қарор гирифтани онҳо аз ҷониби Хадамот иловатан муайян нашуда бошад.
12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
12.1. Агар ягон муқаррароти офертаи мазкур беэътибор ё татбиқнашаванда эътироф карда шавад, ин боиси беэътибор гардидани дигар муқаррароти оферта намегардад.
12.2. Аз ҷониби Хадамот татбиқ накардани ягон чора вобаста ба вайрон намудани шартҳои оферта аз ҷониби Фармоишгар, Хадамотро аз ҳуқуқи минбаъд татбиқ намудани чораҳои дахлдори ҳифзи манфиатҳои худ маҳрум намесозад ва ҳамчун даст кашидани Хадамот аз ҳуқуқҳои худ ҳисобида намешавад.
12.3. Офертаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва шарҳ дода мешавад.